Тоҷикистон соли 2027 мизбони баргузории Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор (бахусус театрҳо) мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор ҳамчунин Фестивали намоишҳои коргардонҳои ҷавон, намоиши рассомони театрӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои шинохтаи театрҳои касбии ҷаҳонӣ, дарсҳои маҳорат бо ҷалби ҳунармандони ҷавон баргузор шуда, асарҳои драматургони ҷавон нашр карда мешаванд.