РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид

Ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани фоизнокии фарогирӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва иштироки бештари хонандагону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки 23 декабри соли равон дар ҷаласаи назоратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳикматулло Саидзода вобаста ба «Вазъи омода намудани мутахассисони самти ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», сардори Раёсати таҳсилоти томактабии вазорат Ҷамшед Маҷидзода оид ба «Рафти иҷрои қарорҳои мушовара аз 1.06.2024, №8/1 дар минтақаи Рашт, аз 27.10.2023, №15/1 дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, аз 21.05.2022, №07/1 дар шаҳри Исфара», сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар мавзуи «Ҷамъбасти ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ», директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода оид ба «Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2024» ва директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод дар хусуси «Иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2023, №936 ҷиҳати пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024» гузориш доданд.

Зимни гузоришҳо дар баробари дастоварҳои соҳа, камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои номбаршуда баён гардиданд. Дар ҷаласа оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram