Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» баргузор гардид.
Дар асоси қарори ҳакамон, китобҳои мазкур дар номинаи назм сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: ҷойи аввал — китоби «Сетор» — гулчини ғазалиёти Фарзона; ҷойи дуввум — китоби «Хандаи талх»-и Муҳаммад Ғоиб; ҷойи сеюм — китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст»-и Бузургмеҳри Баҳодур.
Дар номинатсияи наср китобҳои мазкур сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: — ҷойи аввал — китоби «Як дарси аҳду вафо»-и Кароматулло Мирзо; ҷойи дуввум-китоби «Имтиҳони қисмат»-и Шодӣ Раҷабзод; ҷойи севвум -китоби «Қасоси модагург»-и Ховари Пӯлод.
Мақсад аз баргузории озмун- дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шудаанд.