Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» баргузор гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” аз рӯи шаш номинатсия – “Китоби назм”, “Китоби наср”, “Китоби публисистӣ”, “Китоби назми бачагона”, “Китоби насри бачагона” ва “Тарҷумаи бадеӣ” ҷамъбаст гардид.
Ғолибони номинатсияи “Китоби назм”:
- Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барои китоби “Сетор” – гулчини ғазалиёт ғолиби ҷои аввал.
- Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб барои китоби “Хандаи талх” ғолиби ҷои дуюм.
- шоир ва рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур барои китоби “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст” ғолиби ҷои сеюм.
Ғолибони номинатсияи “Китоби наср”:
- Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барои китоби “Як дарси аҳду вафо” ғолиби ҷои аввал.
- нависанда Шодӣ Раҷабзод барои китоби “Имтиҳони қисмат” ғолиби ҷои дуюм.
- нависанда Ховари Пӯлод барои китоби “Қасоси модагург”” ғолиби ҷои сеюм.
Ғолибони номинатсияи “Китоби публисистӣ”:
- сармуҳаррири рӯзномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода барои китоби “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ” ғолиби ҷои аввал.
- Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои китоби “Сухан пероҳани ҷон аст” ғолиби ҷои дуюм.
- китоби “Рӯзи Президент — нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон”” ғолиби ҷои сеюм.
Ғолибони номинатсияи “Китоби назми бачагона”:
- адиби шинохтаи бачаҳо, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Истиқбол” Латофат Кенҷаева барои китоби “Бозиҳои Акбарҷон” ғолиби ҷои аввал.
- адиб Сафар Раҷаб барои китоби “Чистонҳо” ғолиби ҷои дуюм.
- китоби “Набераҳои бобо” Аламхон Кӯчарзода ғолиби ҷои сеюм.
Ғолибони номинатсияи “Китоби насри бачагона”:
- мураттиби китобҳои “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” дар 8 ҷилд ва “Қиссаҳои Шоҳнома” дар 4 ҷилд корманди Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” Илҳом Ғиёсов ғолиби ҷойи дуюм
Ғолибони номинатсияи “Тарҷумаи бадеӣ”:
- тарҷумон Амонбой Ҷуманов барои китоби “Ҳозирги замон тожик насри ғолиби ҷои дуюм.
- тарҷумон Саидмурод Расулӣ барои китоби “Умедамро аз даст додан намехоҳам” Ғолиби ҷои сеюм.
Ҳамчунин, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2024” гардиданд. Китобҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии нашриёти “Ирфон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд нашр ва ба озмун пешниҳод шудаанд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” ҳамасола бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба мақсади дарёфти беҳтарин китобҳои сол, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар мегиранд, баргузор мешавад.
Уктамшоҳзода Зеваршоҳ,
Радиои “Фарҳанг”