РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон мулоқот намуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз  Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории  дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи сайёҳӣ байни ду давлат, ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои ҳунармандони саноеи дастӣ, пешниҳоди номинаҳои муштараки фарҳангӣ барои сабт дар ЮНЕСКО ва тармиму бозсозии осори таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо ин мақсад дар самтҳои мазкур таъсиси Кумитаи муштараки ҳамкорӣ  байни ду давлатро  зарур донистанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram