Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 барои ҷамъомади таълимию тамринӣ ба Анталия (Туркия) рафт, хабар доданд аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 26 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кард.
Дар барномаи ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки аз 8 то 24 январ идома мекунад, дастаи мунтахаби наврасони мо панҷ бозии санҷишӣ мегузаронад.