РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе масъалаи хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак барррасӣ шуд

7 январи соли равон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласа Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаррух Юсуфзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рухшона Насридинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдулло Шарифзода, муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Махфират Рашидзода, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Муслиҳиддин Маҳмудзода, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, Аммар О, иҷрокунандаи муовини директори намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳло Шакарова, мутахассиси ЮНИСЕФ ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳа натиҷагирӣ аз вазъи татбиқи он дар соли 2024 ва вазифагузориҳои минбаъда бобати дар сатҳи баланд амалӣ гардидани Лоиҳа маънидод мегардад.

Ҷаласаи кориро Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Дар рафти суханронӣ, ҳамзамон таваҷҷӯҳи ҳозирин оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла; ноҳияҳои Файзобод, Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб карда шуд.

Дар кори ҷаласа нахуст вобаста ба амалисозии Лоиҳа аз рӯи қисматҳои он дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа муфассал баромад намуд. Зимни маърӯза зикр шуд, ки Лоиҳа дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ва хоссатан бобати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модарон ва кудакон татбиқ шуда истодааст.

Дар идомаи маърӯза зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи Лоиҳа тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ аст. Корҳои сохтмонии иншоот дар ноҳияи Файзобод дар умум 100% ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамин аст, ки санаи 13 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда дар доираи татбиқи Лоиҳа мавриди истифода қарор доданд.

Санаи 05 декабри соли равон боздиди гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои сохтмонии иншооти тандурустии навбунёд дар ноҳияи Файзобод анҷом ёфт. Зимни сафар, гурӯҳи корӣ ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёди маркази ташхису табобатӣ иборат аз 3 ошёна ва таъмиру навсозии Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд иборат аз 2 ошёна ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон вобаста ба ислоҳи нуқсон ва камбудиҳои ҷойдошта дар иншоот ва пурра омода намудани муассисаҳои тандурустӣ ба сохтмончиён дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бошад 95% корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ, ки он ҳам сохтмони Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст иҷро шудааст.

Зимни баромад ҳамзамон аз ҳадафҳои калидии татбиқи Лоиҳа, ки он дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаи тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад, маълумоти муфассал ироа карда шуд.

Дар идомаи кори ҷаласа вобаста ба рӯзномаи он гузориши Абдураҳим Шоев, муҳандис-сохмончии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа вобаста ба паҳлуҳои мухталиф аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа ва дастоварду мушкилоти дар он вуҷуддошта шунида шуд.

Дар идомаи кори ҷаласа, вобаста ба татбиқи Лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1-и Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа ва 3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ” Шаҳло Шакарова, мутахассиси тандурустии намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод кард.

Дар рафти ҷаласа бо мақсади воқиф гардидан аз рафти татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, дасторвадҳои ҳосилшуда зимни татбиқи он дар ноҳияҳои таҷрибавӣ маърӯзаи Муслиҳиддин Маҳмудзода – муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҳамдулло Шарифзода – муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ва Махфират Рашидзода – муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод шунида шуд.

Дар рафти ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ таклиф ва пешниҳодот ироа гардида, инчунин ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ва хоссатан корҳои анҷомёфта дар соли 2024 аз ҷониби аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Дар идома кори ҷаласа ҳамзамон аз оғози корҳо дар самти амалисозии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ гуфтушунид сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловаӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллати ИМА ба имзо расид. Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” — дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо иқтидори 40 кат, сохтмони таваллудхона дар ноҳияи Данғара бо 80 кат ва сохтмони Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз бо 100 кати бистарӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар доираи Лоиҳа, инчунин идоракунӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи тандурустӣ бароҳ монда шуда, воситаҳо ва равандҳои хизматрасонии перинаталӣ такмил дода мешавад.

Зимни баргузории ҷаласаи мазкур аз идомаи маблағгузорӣ дар доираи амалисозии Лоиҳа изҳори хушнудӣ зоҳир гардада, ба раванди амалисозии он ва татбиқи босифати он дастур ва супоришҳои мушаххас ироа гардид.

Дар фарҷоми кори ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram