РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Омӯзиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ уфуқҳои наву фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад

1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ пешниҳод намуданд, ки барои хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон дар ҷумҳурӣ  озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида шавад. Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ маҳфилҳо ва озмунҳои «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешаванд.

Президенти Тоҷикистон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз намуд, ки «иқдоми волои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди интишор ва тақдими ҳар хонадони тоҷик гардонидани «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, иқдоме, ки бо ҳадафҳои воло ва дурбинонаи миллӣ бори дигар моро ба меҳанпарастию ватандӯстӣ ҳидоят намуда, саҳми бузурге дар пешрафти фазилат, эҳсоси худшиносӣ ва маънавиёти бузурги миллатамон мегузорад, имрӯз ба худ фурӯғи тоза гирифтааст. Миллати тоҷик, ки ҳамеша ба ин шоҳасари таърихӣ арҷи баланд мегузошт ва шоҳномахонӣ яке аз шуғлҳои писандидаи халқи мо буд, имрӯз дар фурӯғи дурахшони ин иқдом бо ангезиш ва эътиқоду эътимоди нав рӯ ба ин шоҳасари безавол овардааст. Имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки беҳтарин василаи худшиносии миллӣ ва огоҳӣ на танҳо аз таърих, балки аз ҳама фарҳангу илмҳо, фазилатҳои инсонӣ  ва самтҳои фарогири зиндагӣ аст, боз ҳам таваҷҷуҳи хонандагони ҳама синнро ба худ ҷалб менамояд».

Ба иттилои профессор Равшан Раҳмонӣ, «тоҷикон ба мисли садҳо ҳунарҳои дастии касбу кори худ ҳамчунин бо ҳунарҳои иҷроии хеш, ба монанди сарояндагӣ, афсонагӯӣ, қиссагӯӣ, шоҳномахонӣ ва ҳаказо низ давоми ҳазорсолаҳо ба мардум ғизои маънавӣ бахшидаанд.

Яке аз ин ҳунарҳо шоҳномахонӣ аст, ки гӯяндагони махсус достонҳои «Шоҳнома»-ро месароиданд, баён менамуданд ё ки бо маҳорат (чун актёр) иҷро менамуданд, ки ин ҳунари шоҳномахонӣ таърихи дуру дароз дорад. Баъди ба вуҷуд омадани хат ва баъдан бо гузашти замон тадриҷан ба шакли навишторӣ даромадани осори гуфторӣ дар байни мардум дар канори бо маҳорат ба самъи шунаванда расонидани матн ҳамоно бо садои дилнишин хондани он низ идома дошт. Аз сабаби он ки дар замонҳои пешин аксари мардум аз хондан ва навиштан огоҳ набуданд, баён намудани осори мансур ва сароидани осори манзум густариш ёфта буд.

Дар садаҳои аввали мелодӣ ва баъдҳо дар канори хондану сароидану ҳикоят намудан шоҳномахонӣ низ ривоҷ пайдо кард. Дар садаҳои 4-6 мелодӣ ва баъдҳо касоне буданд, ки достонҳои «Шоҳнома»-ро мехонданд, месароиданд ва баён менамуданд».

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ бар асоси ҳамин сарчашмаҳо арзи вуҷуд кард. Баъдҳо онро наққолону қиссагӯёни моҳир месароиданд ва ҳамин тавр шоҳномахонӣ дар байни мардум ҷо гирифт.

Ҳамин тавр, шоҳномахонӣ то замони мо идома ёфта, то нимаи аввали садаи ХХ дар аксар манотиқи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон густариш ёфта буд. Ҳатто дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ҳои зиёди мансур ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро гӯяндагони моҳир, наққолон, қиссагӯён таҳия намуда, худ мавриди истифода қарор медоданд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод гуфт, ки «эълони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон марҳилаи наверо дар мутолиаи ин ҳамосаи бузург оғоз мебахшад. Ин амри муҳим ва ҳидояти самаровар аз ҳамаи мо тақозои онро дорад, ки дар раванди баргузории озмун масъулияти бештар эҳсос кунем, то дар ҳама зинаҳо озмун дар сатҳи баланд ва муассир ҷараён бигирад. Ба таъбири дигар, марҳила ба марҳила таъсири матлуби онро дар руҳу равони наслҳо ва хонандаҳои «Шоҳнома» бояд эҳсос кунем».

Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти тоҷик аст. Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офаридани ин китоби нодир сарф намудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram