10 январ интихоботи президент ва муовинони президенти Бюрои Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Зимни интихобот Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба мақоми президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид. Ин нахустин бор аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба ин вазифаи пурмасъул интихоб мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо (президент ва чор муовин) иборат буда, фаъолияти ЮНИСЕФ-ро назорат ва арзёбӣ мекунад. Бюро ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал намуда, ба масъалаҳои маъмурӣ ва вазифавӣ тамаркуз мекунад. Он ба раванди гуфтушунидҳои қабули қарорҳо давоми ҷаласаҳо барои баланд бардоштани самаранокии Шурои иҷроия мусоидат мекунад.