Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсон, ки ифодаи иродаи халқро асоси ваколатҳо барои ҳокимият донистаанд, интихобот муҳимтарин воситаи иштироки мардум дар идора намудани давлат ба шумор меравад. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад? Ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулафзо Пирова ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Интихобот дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ падидаи маъмулӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити муосири равандҳои демократӣ ҳамчун омили истиқлолият, ифодаи ирода, меҳвар ва нақши сиёсии мардум ва сарчашмаи ҳокимият арзёбӣ гардида, ба ҳама сатҳҳои ҳокимияти иҷроия ва сиёсӣ тааллуқ дорад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки заминаи ҳуқуқии интихоботро муҳайё мекунанд
Интихобот ба мақомоти намояндагии ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории соҳавӣ дар бораи интихобот гузаронида мешавад. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки заминаҳои устувори ҳуқуқиро барои ташкилу баргузор намудани интихобот муҳайё мекунанд.
Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон
Ҳуқуқи интихоботии шаҳрванд яке аз шаклҳои асосии иштироки ӯ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар асосҳои баробар чун тавассути намояндагони интихобкардаи онҳо ифодаи соҳибихтиёрии халқ ва шакли амалишавии принсипи ҳокимияти халқ аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Ҳуқуқҳои асосии интихоботии шаҳрвандонро ҳуқуқи интихоб кардан ё ҳуқуқи интихоб шудан ташкил медиҳанд.
Дар асоси Конститутсия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушду такомули ниҳодҳои демократӣ дар заминаи ифодаи иродаи мардум, расмиёти татбиқи онҳо мутобиқи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби умум эътирофшуда ҳадафу вазифаи давлати ҳуқуқбунёд ва яке аз заруртарин омилҳои суботи ҷомеа ва таҳкими қонуният мебошад.
Интихобот аз ибтидо бо арзишҳои демократӣ пайвастагии ногусастанӣ дошта, вазифаи иҷтимоии он инъикоси комили афкор ва иродаи мардум, таъмини намояндагии гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дар ҳокимияти давлатӣ ва ташаккули фаъолияти самараноки ин намояндагӣ мебошад.
Интихобот ба мақоми иҷтимоии худ дар он ҳолат мутобиқат менамояд, ки агар онҳо дар заминаи принсипҳои муайян баргузор гарданд. Ин принсипҳо — принсипи ҳуқуқи баробари интихоботиянд, ки шароити баробарро барои шаҳрванд дар интихобот муайян менамоянд ва принсипи умумии ташкил ва баргузории интихоботанд, ки таснифи умдаи масъалаҳои ташкилӣ бо баёни раванди демократӣ, дигар паҳлуҳои иҷтимоӣ ва шароити онро инъикос менамоянд.
Принсипи умумии интихобот
Принсипи умумии интихобот маънои онро дорад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташ ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан дорад.
Киҳо ҳуқуқи иштирок дар интихоботро надоранд?
Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Шарту шароити интихоб нашудан ва бо мақоми узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон номувофиқ будани шаҳрвандонро Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ муайян намудааст.
Принсипи баробарҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳар як интихобкунанда ҳуқуқи танҳо як овоз дошта, мавқеъ, мақом ва дигар сифатҳо ба шаҳрванд набояд таъсир расонанд. Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Махфияти овоздиҳӣ
Махфияти овоздиҳӣ бо мақсади пешгирии ҳама гуна мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон амалӣ мешавад. Қарори интихобкунанда ба ягон кас маълум карда намешавад. Ин принсип озодии интихоботро таъмин намуда, шаҳрвандро аз имконоти таъқиб ё бо ришва ба худ моил намудан эмин медорад. Амалан махфияти овоздиҳӣ бо шакли маъмулӣ–ягонагии бюллетенҳо ва кабинаи махсус муҷаҳҳаз гардида, муҳр дар қуттиҳои интихобот доир мешавад.
Ба таври озод баргузор намудани интихобот, ки фишори сиёсӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, равонӣ ва иттиллоотониро истисно менамояд, яке аз принсипҳои муҳим дар раванди баргузор намудани интихобот мебошад.
Имкони интихоб намудани номзадҳо дар асоси алтернативӣ яке аз омилҳои муҳим дар самти таъмини имкони интихоб мебошад. Дар шароити гуногунандешии сиёсӣ мавҷудияти номзадҳои алтернативӣ нишондиҳандаи ба таври демократӣ, озод ва шаффоф баргузор гардидани интихобот мебошад.
Рақобати сиёсӣ
Рақобати сиёсӣ яке аз нишонаҳои интихобот мебошад. Тамоми қувваҳои сиёсӣ, ки ба ин маъракаи муҳим ворид мешаванд, бояд барои мубориза имконияти баробар дошта бошанд. Ҳамзамон ҳама талошҳои онҳо бояд моҳияти осоишта дошта, дар доираи муқаррарнамудаи қонун, қоидаи одоби муколамаю муошират ва пешгирии амалҳои номатлуб амалӣ карда шаванд.
Ошкорбаёнӣ — шаффофият дар интихобот
Ошкорбаёнӣ шаффофият дар интихобот буда, масъалаест, ки ҳамчун ченаки арзёбии баргузории интихобот пазируфта шудааст. Тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи комиссияҳои интихобот ба таври шаффоф ва ошкоро бояд доир шавад.
Номбурда иброз намуд, ки таъсири интихобот ба ҳаёти ҷамъият гуногунҷабҳа мебошад. Вобаста ба ин метавон дар бораи вазифаҳои интихобот ҳам ёдовар шуд, ки яке аз онҳо ҳамгироии ақидаҳо ва ташаккули иродаи ягонаи сиёсӣ мебошад. Гуногунандешӣ дар ҷамъияти муосир бояд ҳудудҳои худро дошта, барои ба бор наовардани мухолифат ва бесарусомонӣ танзим карда шавад. Маълум аст, ки тариқи интихобот теъдоди зиёди мардум атрофи платформаи муайяни сиёсӣ ва сарвари ин иттиҳоди сиёсӣ муттаҳид мегарданд ва дар ин росто иродаи сиёсии бартариятдошта дар давлат ташаккул меёбад. Дар натиҷа, ифодаи ин ирода қобилият ва салоҳияти ҳокимияти сиёсиро боло бурда, эътибор ва дастгирии аҳолиро таъмин менамояд.
Устуворӣ ва фаъолияти қонунии низоми сиёсӣ ва ниҳодҳои мушаххаси ҳокимияти давлатӣ маҳз дар натиҷаи интихобот таъмин мегардад. Иштироки шаҳрвандон дар интихобот далели шакли қабули низоми сиёсии амалкунанда, қоидаҳои ташаккули ҳокимияти давлатӣ ва эътирофи ҳокимияти сиёсӣ мебошад.
Дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ номзадҳо пайваста бо интихобкунандагон вохӯриҳо анҷом дода, дархост, хоҳиш ва талаби онҳоро шунида, дар ин замина ба барномаҳои пешазинтихоботии худ тағйирот ворид менамоянд. Ин ҳолат боиси тавсеаи муносибатҳо байни ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон гашта, робитаи байни ҳокимият ва ҷомеаро густариш медиҳад.
Дар раванди интихобот шаҳрвандон ба дарки арзишҳои сиёсӣ расида, таҷриба ва малакаи сиёсӣ меомӯзанд. Дар ин давра доираи қабули иттилоот ва тарғибот васеъ гашта, ҳама ин амалҳо ба боло рафтани фаъолияти сиёсии шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Аз ин нуктаи назар интихобот ваифаи иҷтимоикунонии сиёсии ҷомеаро иҷро мекунад.
Интихобот василаи муҳимм барои ворид гардидани шаҳрвандон ба ҳайати элитаи сиёсӣ аст, ки ин равандро сиркулятсияи элитаи сиёсӣ меноманд. Дар натиҷаи интихобот дигаргунӣ дар мавқеъ, нуфузи сиёсӣ ва тағйирот дар ҳайати он ба амал меояд».
Вобаста ба ин гуфтаҳо метавон иброз намуд, ки интихобот воқеан ҳам дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа нақши бориз дорад. Дар доираи қонунгузории интихоботии мамлакат ва принсипҳои умумипазируфтаи байналмилалӣ баргузор шудани он нишонаи таҳкими принсипҳои демократӣ дар ҷомеа мебошад.