РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2024 дархост ирсол намуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Рустами Эмомалӣ аз гузаронидани санҷиш таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомот мебошад.

Аз ҷумла, аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки шаффофияту самаранокии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо санҷад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram