Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази махсуси тамос барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба шакли нави онлайнӣ ва интерактивӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандон метавонанд минбаъд бо рақами кӯтоҳи 40-30 ба Хадамоти алоқа нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд.
Маркази тамоси Хадамоти алоқа ба таври шабонарӯзӣ ва новобаста аз рӯзҳои истироҳатии ҳафта фаъолият мекунад.
Ҳамзамон Марказ дар асоси платформаи муосири онлайнӣ ва интерактивӣ ба системаҳои коммутатсионии тамоми операторони алоқаи барқии кишвар пайваст буда, ба гунаи ҳамгиро ва ҳамоҳанг арзу шикоятҳои воридшударо баррасӣ мекунад.
Мақсад аз таъсиси Маркази тамос бо телефони боварии кӯтоҳ (40-30), баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар кишвар, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта бо механзими содаву дастрас барои шаҳрвандон, мебошад.
Дар баробари содаву дастрас будани механизми нави онлайнӣ ва интерактивӣ, баррасӣ ва бартараф намудани оҷилӣ ва дақиқи арзу шикоятҳоро таъмин менамояд.