РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Айнӣ ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи мавсими сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ноҳияи Айнӣ ба ҳашар баромаданд. Дар ин бора ба мо аз МИҲД-и ноҳияи Айнӣ хабар доданд.


Дар доираи чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ замини бекорхобида воқеъ дар мавзеи Дашти Похут, дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд гардида, дар 30 гектари он мувофиқи нақша 15000 бех себи самаренко, дар 20 гектар 10000 бех зардолу, дар 20 гектар 13320 бех олуча, дар 20 гектар 16660 бех хуч ва дар 10 гектар 8330 бех ниҳоли акатсия мешинонанд, ки дар умум ниҳолу буттаҳои шинонидашудаистода 63310 бехро ташкил медиҳанд.

Қайд карда шуд, ки ин ободиву осоиш, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамаи пешрафтҳо аз баракати сиёсат ва хиради Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва пешниҳод шуд, ки ин боғ боғи «Баракат» номгузорӣ шавад.

Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА,

Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram