25 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини Сарвазир-вазири тандурустӣ ва аҳолии Миср Холид Абдулғаффор доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Мисрро дар самти беҳдошти тандурустӣ, аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва тарбияи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.