РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот кард

27 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдулло Алӣ ал-Яҳё доир гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои муштараки дарпешистода табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram