РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд

27 марти соли 2025 Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар шаҳри Ашқобод бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии 20-уми вазирони “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

С. Муҳриддин паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон расонид.

Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон доираи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноат ва энергетика баррасӣ карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар зимн омодагӣ барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ тасдиқ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram