16 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо зарардидагони заминларзае, ки 13 апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба амал омад, вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, Файзалӣ Идизода дар мавзеи зарардида дар деҳаи Ярхаби ҷуқураки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо оилаҳои зарардида мулоқот намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид. 15 апрел дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуданд.
Таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар идома Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар Беморхонаи марказии Рашт бо кормандони беморхона мулоқот намуда, бо вазъи саломатии ҳар нафари аз заминларза осебдида аз наздик шинос шуд.