РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Анқара машваратҳои консулии Тоҷикистону Туркия баргузор шуд

21 апрели соли 2025 дар шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Туркия дар мулоқот директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган иштирок намуд.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд.

Машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии баланд баргузор гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram