РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти унвони «Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ: нуқтаҳои ба ҳам омадани санъат, илм ва дизайн» ҳамоиш баргузор гардид

23-юми апрели соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ: нуқтаҳои ба ҳам омадани санъат, илм ва дизайн» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Ҳамоишшро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои таърих, профессор Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур аз он иборат аст, ки муҳити илмӣ ва эҷодиро барои мубодилаи таҷриба ва андешаҳои муосир миёни олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои санъат, дизайн ва илм фароҳам оварад.

“Ин ҳамоиш имкони таҳқиқ ва баррасии равандҳои навини рушди таҳсилоти эҷодӣ ва имкониятҳои муттаҳидсозии донишҳои илмӣ ва эҷодиро дар шароити замони муосир фароҳам месозад. Ҳамзамон, муайян намудани нуқтаҳои ба ҳам омадани соҳаҳои санъат, илм ва дизайн, тарҳрезии роҳҳои нави ҳамкорӣ ва ҳамгироии онҳо дар муҳити таълим ва тарбия аз вазифаҳои муҳими чорабинӣ ба ҳисоб меравад”, — гуфт Бахтиёр Одиназода.

Дар идомаи чорабинӣ Алиакбар Ҳайётзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, зикр намуд, ки баргузории ин конференсия ба тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ ва ташкилотҳои фарҳангиву эҷодӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, майдони мазкур ташаккули малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодии донишҷӯёнро тақвият бахшида, омода намудани мутахассисони дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва завқи бадеии замонавиро ҳадаф қарор додааст.

Дар қисми ифтитоҳии конференсия маърӯзаҳои илмии мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Субҳон Усмонов дар мавзӯи “Нақши санъати ороиши амалӣ дар таълим ва тарбияи донишҷӯён”, муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Шарофудинзода Садафи Сафомудин дар мавзӯи “Заминаҳои инкишофи фаъолияти иқтисоди хориҷии корхонаҳо” ва омӯзгори кафедраи дизайни дохили бино ва таҷҳизоти Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург Семенова Марина Николаевна дар мавзӯи “Санъати интерактивӣ: чӣ гуна технологияҳо мутақобиларо бо асарҳои санъат тағийр медиҳанд” (бо таври маҷозӣ) шунида шуданд.

Баъди қисмати ифтитоҳӣ кори конференсия дар чор бахш: Мероси миллӣ ва рушди устувор тавассути санъат ва илм; Маорифи Steam: мутобиқсозии таҷрибаи ҷаҳонӣ ба шароити иловагӣ; Рушди иқтисоди эҷодӣ ва рақамисозӣ дар Тоҷикистон ва дизайн ҳамчун забони оянда: нақши он дар маориф идома ёфт.

Дар конференсия беш аз аз 70 маърӯзаи илмӣ пешниҳод шуданд. Дар ин қисмати ҳамоиш дар баробари омӯзгорону магистрони Донишкада, ҳамзамон, омӯзгорон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ иштироку суханрноӣ намуданд.
Дар чорабинӣ омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург, Институти дизайни муҳити фазоӣ, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати Новосибирск ба номи A. Д. Крячкова, Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро, Донишгоҳи “ЯНГИ АСР”-и шаҳри Тошкент ва Институти меъморӣ ва санъати Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд. Дар маҷмӯъ, дар конференсия аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар 17 маърӯза пешниҳод гардид.
Дар хотимаи ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки маърӯзаҳои дар конференсия пешниҳодгардида баъди мукаммалгардонӣ дар шакли маҷмӯаи алоҳидаи мақолаҳои илмӣ ба чоп хоҳад расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram