РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китобҳои ноширони тоҷик ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ» пешниҳод шуданд

26 апрел дар Маҷмааи намоишгоҳии ADNEC-и шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб даври 34-уми Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ» оғоз гардид. Намоишгоҳ то 5 май идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ба намоишгоҳ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб» ва «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 китоби тозанашр пешниҳод гардиданд. Дар ин гӯша китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Tajiks in mirror of the history», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ба намоиш гузошта шудаанд.

Осори адибони классик ва муосири тоҷик дар силсилакитобҳои «Ахтарони адаб», «Ҳафт ахтар», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно, «Девони замон»- и Лоиқ Шералӣ, «Офтоби зиндагиафрӯз»-и Давлат Сафар ва даҳҳо  китобҳои дигари назмию насрии адибони гузашта ва имрӯзи тоҷик низ пешниҳод гардидаанд.

Дар назар аст, ки дар доираи намоишгоҳи байналмилалӣ вохӯрӣ бо  адибону ноширони ҷаҳонӣ низ баргузор шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram