РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Омӯзгори тоҷик ғолиби Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 гардид

Омӯзгори тоҷик Хусрав Раҷабзода дар Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин эссе ва беҳтарин кори илмӣ-таҳқиқотӣ» дар мавзуи «Тамоюлҳои муосири иҷтисодии ҷаҳон» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Форум аз 21 то 25 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия бо иштироки беш аз 20 ҳазор намояндагони зиёда аз 116 давлати дунё баргузор гардид.

Дар доираи Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 маърузаҳои кушод, озмуну мусобиқаҳо, дарсҳои маҳорат, ҳамоиш ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд.

Дар форум омӯзгори фанни ҳуқуқи Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» фаъолона иштирок намуда, ғолиб омад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram