РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми «Сарчашма»-и коргардон Пайрав Шарифӣ дар Бишкек ҷоизаи тамошобинонро ба даст овард

Филми «Сарчашма»-и коргардон Пайрав Шарифӣ, истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар Бишкек ҷоизаи тамошобинонро ба даст овард. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филми «Сарчашма» таҳти коргардонии Пайрав Шарифӣ ва бо истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар XIII Фестивали байналмилалии кишварҳои ИДМ, кишварҳои Балтика ва Гурҷистон, ки аз 22 то 25 апрели соли 2025 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, сазовори ҷоизаи тамошобинон гардид.

Филм дар бораи арзишҳои оилавӣ ва нигоҳдории онҳо нақл мекунад: ба пирамард Ҳошим дар хоб ҳамсари вафоткардааш менамояд. Ӯ дарк мекунад, ки маргаш наздик аст ва қабл аз рафтан ба олами дигар кӯшиш мекунад, ки фарзандонашро муттаҳид намояд.

Нақши асосиро дар ин филм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров офаридааст. Ҳамчунин Парвиз Пулодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова дар филм нақш офаридаанд.

Пайрав Шарифӣ — коргардони ҷавони тоҷик аст, ки таҳсилоти худро дар Институти кино ва телевизиони Санкт-Петербург дар ихтисоси «Коргардонии филм ва телевизиони бадеӣ» (устохонаи Сергей Овчаров) ба анҷом расонидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram