Аз 1 то 7 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ–“Наврӯз” бо иштироки ҳайатҳои театрии кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестифал бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди санъати театрӣ доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи Ҷашнвора 2 майи соли 2025, соати 17 — 30 ва маросими пӯшидашавӣ 6-уми майи соли 2025, соати 17 — 30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Театрҳои иштирокдор намоишҳои худро дар толорҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорони санъати волои театрӣ мегардонанд.