РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши радиомониторинг тақвият меёбад

Масъалаи таҷрибаи корҳои ченкунӣ дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад  дар Ҷумҳурии Узбекистон ва табодули таҷриба дар соҳаи радиомониторинг 1 май  зимни вохӯрии намояндагони Ҳадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон баррасӣ гардид.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ташкили системаҳои идоракунии радио,  навъҳои воситаҳои техникӣ ва омӯзиши асбобҳои дар кори ченкунӣ истифодашаванда, ташкили фаъолияти назорати радиоӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, сиёсати кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисон,  қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ гардид.

Барои арзёбии вазъи электромагнитӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Узбекистон тадбирҳои дахлдор андешида шуда, инчунин барои табодули таҷрибаи мутахассисони ҷонибҳо дар корҳои ченкунӣ дар соҳаи алоқа заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷонибҳо вобаста ба тақвият додани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб ибрози назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram