РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сатҳи баланди конвенсияҳои экологии Базел, Роттердам ва Стокголм иштирок кард

Аз 30 апрел то 5 май ҳайати кишвар таҳти роҳбарии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар мизи мудаввари вазирон нишасти сатҳи баланди Конфронси ҷонибҳои конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои кишвар, аз ҷумла иҷро гардидани уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди конвенсияҳоро таъкид намуда, шомилшавии кишварро ба Конвенсияи Роттердам аз 25 майи соли 2025 хабар дод. Дар баромад ҳамчунин тадбирҳо дар сатҳи миллӣ дар самти идоракунии моддаҳои кимиёвӣ ва партовҳо тавсиф ёфта, зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти экологӣ зикр гардид.

Ёдрас менамоем, ки нишасти Конфронси ҷонибҳои конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм 28 апрел шурӯъ гардида, то 8 майи соли 2025 давом хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram