РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд

 7 май- дар остонаи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба дидорбинӣ ва табрики иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор Раҷаб Усмонов ва аз деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ  Карим Рашид рафтанд. Онҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба андозаи 50 000 сомонӣ ба ҳар як иштирокчӣ ва 10 000 сомонӣ туҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуданд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ хабар доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор  ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро бо иди Ғалаба самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори орому осуда таманно намуданд.

Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Аз ҷониби хонандагони Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ва муассисаи хусусии таҳсилотии «Нури Ирфон» дар ҳавлии собиқадорони ҷанг суруду оҳангҳои машҳури ватандӯстона иҷро гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram