РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд

Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супорида шуд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Инчунин ба ҳар кадом иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 25 ҳазор сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 15 ҳазор сомонӣ аз номи роҳбарияти ноҳияи Синои пойтахт тақдим гардид.

Туҳфаҳоро гурӯҳи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим намуданд.

Инчунин ба иштирокчиён аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон медали ҷашнии 80-солагии Ғалаба тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram