РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии Боқӣ Раҳимзода ҳамоиш баргузор мегардад

Дар Осорхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 115 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибон, олимону муҳаққиқон, пайвандон ва хешовандони шоир, васоити ахбори омма даъват шудаанд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва ҳам аз ҳисоби фарзандони шоир беш аз 110 адад нигораҳо, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, аксҳо, наворҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва саҳми боризи ӯро дар рушди адабиёт нишон медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram