РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Оила-макони меҳру садоқат» ҳамоиш баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Оила-макони меҳру садоқат» ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва гӯшаи «Кадбону» бо оростани дастархон пешниҳод гардид. Инчунин дар ҳамоиш оину суннатҳои маросими тӯйи домоду арӯсӣ, аз ҷумла омода намудани арӯс барои гусел ва саршӯён гузаронида шуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «мардуми Тоҷикистон аз рӯзгори бостон то имрӯз бо завқи волои оиладорӣ, ҳамсоянавозӣ, ватанпарастию миллатдӯстӣ номвар гардидаанд».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои амалкунанда барои болоравии  фарҳанги оиладорӣ ва муносибати хонаводагӣ, таҳким ва нигоҳдошти анъанаҳои пуршарафи ниёгон, ҷонибдории аъзои хонавода  аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа байни аъзою ҷонибдорон ва кулли ҷомеа пайваста табдирҳои таблиғотию ташвиқотӣ амалӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки  барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Агар оила солим бошаду назару андешаҳо ва иқдому амалҳояш дар зиндагӣ хушбинона бошад, дар маҷмуъ ҷомеа солим хоҳад буд.

Дар ҷараёни ҳамоиш гӯшаи оилаҳои намунавӣ – «Оилаи сабз», «Оилаи нуқрагӣ» ва «Оилаи тиллоӣ» ташкил гардиданд. Инчунин ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Собиқадорон бо медалҳои ҷашни «30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram