16 майи соли 2025, соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии «Хоби сурх» баргузор мегардад. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Филмро муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толиб бо гурӯҳи эҷодии ҳирфаӣ дар пойгоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” сохтааст.
Продюсери филм Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири филм Субҳон Идиев, филмбардор Шӯҳрат Қурбонов, рассомон Фидо Азизмамадов ва Эраҷшоҳ Искандаров, оҳангсоз Иқбол Завқибеков, коргардони садо Рустам Атахонов буда, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигар ҳунармандони шинохта дар он нақш бозидаанд.