РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия эътимоднома супорид

13 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Чех Петр Павел эътимоднома супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Ҷумҳурии Чех Сафири Тоҷикистонро ба муносибати оғози фаъолият табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба самтҳои мухталифи ҳамкории ду давлат табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram