20 майи соли 2025 соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо-2025 (29-31 майи соли 2025, ш. Душанбе) брифинг баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва ватаниро ба брифинги мазкур даъват намудааст.