РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Қазон нахустин анҷумани вазирони фарҳанги кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, дар доираи Форуми XVI байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum», нахустин анҷумани вазирони фарҳанги кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи муколамаи фарҳангҳо ҳамчун пояи ҳифзи ҳувият ва гуногунии фарҳангӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори анҷуман намояндагони Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Гвинея-Бисау, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Мавритания, Аморати Муттаҳидаи Араб, Умон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Судон, Сиерра-Леоне, Ӯзбекистон, инчунин роҳбарияти Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ICESCO), Лигаи давлатҳои араб ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Лейла Фазлеева иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар анҷуман муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода зикр намуд, ки ин анҷумани вазирони фарҳанги кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ бешубҳа як майдони муҳими мубодилаи таҷриба ва барқарорсозии робитаҳои нави фарҳангӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои таҳкими ҳувияти миллӣ роҳи эҳёи анъанаҳо ва урфу одатҳои миллӣ ва мардумиро интихоб кардааст. «Тоҷикистон, ки дар масири таърихии Роҳи Абрешим ҷойгир аст, асрҳо боз ҳамчун пули байни тамаддунҳо хидмат кардааст ва имрӯз низ ин анъанаро идома дода, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ташвиқ менамояд. Ҳамзамон, таҷриба ва фаъолиятҳои дипломатияи фарҳангии Ҳукумати кишвар имконият медиҳанд, ки саҳми назарраси Тоҷикистон дар масъалаи тавозуни ҳувият дар ҷомеаи гуногунфарҳанг бо таври самаранок таблиғ гардад» — гуфт Манучеҳр Шарифзода.

Намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳодҳои худро доир ба ҳамгироии фарҳангҳо, ҳифзи мероси фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои мубодилаи байнифарҳангӣ ва муколамаи фарҳангҳо, дастгирии соҳаи эҷодиёт ва ҳамгироии фарҳанг ба муҳити рақамӣ, таҳияи низоми идоракунии барномавӣ-ҳадафманд дар соҳаи фарҳанг, инчунин таъсиси заминаи ҳуқуқии тиҷоратсозии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ ироа карданд.

Инчунин намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ҳамтоёни худ масъалаҳои ҳамкорӣ, тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштаракро дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таблиғи мероси фарҳангӣ муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди таҷриба ва роҳҳои нави ҳамкорӣ ҳамеша ба ҳамкории муштарак кушода буда, минбаъд низ муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамаи кишварҳо дар соҳаи фарҳанг дастгирӣ хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram