Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаракати автобусҳоро дар хатсайрҳои «Хуҷанд-Ӯш», «Хуҷанд-Ботканд» ва «Исфара-Ботканд» барқарор намоянд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.
Ин масъала зимни мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттор Сиргабоев дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баррасӣ гардид. Ин хатсайрҳо қаблан аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори нақлиётии ҳарду ҷониб мувофиқа ва ифтитоҳ шуда буданд.
Ҳамзамон бо мақсади тавсеаи иқтидори транзитии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки барои интиқоли борҳои Қирғизистон аз қитъаи роҳи оҳани «Спитамен – Истиқлол – Спитамен»-и вилояти Суғд аз нав истифода бурда шавад.