РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок кард

18 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон ширкат ва суханронӣ кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи созанда ва  ҳамкориҳои густурдаро тақозо мекунад. Бино бар ин, дар суханронӣ зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид гардид.

Дар идомаи суханронӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ва мавқеи кишварро доир ба ҳалли бӯҳрони Фаластин, қазияи Афғонистон ва мушкилоти дигари минтақа ва ҷаҳон баён кард.

Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ширкати фаъолона дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram