РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар намуданд

20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни сафар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram