РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Озарбойҷон мулоқот карданд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Aдиль Керимли мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram