РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО 700-солагии Ҳофизи Шерозиро таҷлил менамояд

Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса намоиши байналмилалӣ, конфронс ва барномаи фарҳангӣ ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар намоиши байналмилалӣ асарҳо, дастхатҳо, мусаввараҳои Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари дастии ҳунармандони тоҷик пешниҳод мегардад. Инчунин, барномаи фарҳангии Рӯзи шашмақоми тоҷик бо иштироки ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва ансамбли рақсии «Гулрез» доир мешавад. Дар барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони тоҷик ва ҳамовозии Оркести ҳунарии Париж таронаҳо аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ иҷро мегарданд.

Конфронси илмӣ-байналмилалӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» ба бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ баргузор мешавад. Ҳадафи он омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, нимаи дуюми моҳи сентябр дар Тоҷикистон 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад. 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.

Инчунин, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири ғазалсаро бо иштироки муҳаққиқон, донишмандон ва шоирон маҳфилҳои илмӣ-адабӣ, конференсия ва ҳамоишҳо баргузор карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мемонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram