11 июн дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гардид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои фарогири Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории созанда бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузорад.