РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2025» баргузор шуд

12 июни соли 2025 дар Қасри варзиши шаҳри бостонии Хуҷанд маросими расмии ифтитоҳи ёздаҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо таҳти унвони «Суғд – 2025» баргузор шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.


Чорабинӣ бо ҳузури масъулини мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, сармоягузорӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.


Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар суханронии худ иброз намуд, ки баргузории чунин ярмаркаи сатҳи байналмилалӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи тақвияти иқтисоди минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби сармоя ба иқтисоди вилоят мебошад.


«Имрӯз Хуҷанд ба як майдони муколама ва табодули таҷрибаҳои муосир мубаддал гардидааст. Мо бо ифтихор меҳмонони муҳтарамро аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Беларус, Чин, Озарбойҷон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон, Британияи Кабир ва дигар кишварҳо, ки даъвати моро пазируфтанд, истиқбол мегирем», — изҳор дошт Раҷаб Аҳмадзода.


Раиси вилоят таъкид кард, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ, густариши рақобат ва навовариҳои технологӣ зарур аст, ки минтақаҳо ва кишварҳои ҳамсоя таҷрибаи худро муттаҳид намуда, заминаҳои нави рушди муштаракро пайдо кунанд.
Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи суханрониаш аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки маҳз ҳамин сиёсати устувору дурбинона шароити мусоидро барои рушди иқтисод, озодии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя фароҳам овардааст.


Дар доираи барномаи Ярмаркаи байналмилалии «Суғд – 2025» баргузории панел-дискуссияҳо, муаррифии лоиҳаҳо, намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, вохӯриҳои дуҷониба байни соҳибкорон, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст.


Раиси вилоят бо изҳори миннатдорӣ аз шарикони рушди Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ташкил ва пешбурди ярмарка саҳми фаъол доранд, инчунин аз намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ки дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти иқтисодӣ ва тиҷоратии вилоят саҳм мегиранд, махсусан ёдовар шуд.
«Мо омодаем, ки бо ҳама шарикон ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳо иқдом намоем. Бовар дорем, ки натоиҷи ин ярмарка ба манфиати тамоми ҷонибҳо хоҳад буд,» — иброз дошт Раиси вилоят.
Дар фарҷом Раҷаб Аҳмадзода Ярмаркаи байналмилалии савдои «Суғд – 2025»-ро расман ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиён муваффақиятҳо орзу намуд.


Сипас, роҳбарони ҳайатҳо, соҳибкорону тоҷирон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ки дар Қасри варзиш ташкил шуда буд, боздид карда, бо номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар Тоҷикистон шинос гардиданд.


Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи байналмилалӣ бо ширкати 500 нафар меҳмон аз 20 кишвари ҷаҳон то 14 июн идома ёфта, интизор меравад даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ ба имзо расанд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram