РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шаҳрвандони Эрон аз бақайдгирии ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин тадбир дар асоси муомила ба мисл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025,  таҳти №324  ба банди 24 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон  «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№207, аз 31 марти соли 2020) сархати сеюм бо мазмуни «-Ҷумҳурии Исломии Эрон – барои 30 рӯз» ворид карда шуда, амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  шуруъ аз 10 августи соли 2024 дар асоси Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, низоми бераводид амал мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram