РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати фарҳанг таҳти унвони «Нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа» семинар-машварат баргузор шуд

12 июни соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинар – машварати ҷумҳуриявии роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Семинарро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ифтитоҳ бахшида, вобаста ба нақш ва истифодаи самараноки имкониятҳои муассисаҳои фарҳанги мамлакат дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон суханронӣ намуд.Инчунин дар доираи баргузории семинар – машварати ҷумҳуриявии роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ , қадрдонии ғолибони озмунҳо дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram