РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

17 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова мулоқот намуд.

Сарвазири Тоҷикистон ба Татяна Проскурякова, ки ваколатҳояш ба ҳайси директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом ёфт, барои ҳамкории самарабахш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram