Имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид.
Мавзуи ҷаласа “Ташаккули малакаҳои устувори ҳаёти солим дар оила ва ҷомеа» буд.
Давлатзода Зулфия Давлат сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ба шумор меравад.
“Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузургу муқаддасест, ки барои ҳар як миллат ва давлат, муҳимтарин пояи рушди устувор ба шумор меравад. Мақому манзалати ба даст овардани Ваҳдати миллиро бояд ба насли ҷавон фаҳмонем”, — иброз дошт, Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барно Тағоева,
Радиои «Фарҳанг»