Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА таҳти унвони: «Таҷлили 50-солагии Санади ниҳоии Ҳелсинкӣ: вокуниш ба воқеияти нав дар доираи САҲА», ки дар шаҳри Портои кишвари Португалия баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ иштирок доранд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҷаласа масъалаҳои тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҳузурии фаъоли ҷавонон дар ҳалли масоил, ҳамчунин масъалаҳои пуртаззоди ҳаводиси охири ҷаҳон баррасӣ мешавад.
Ин конфронс 29 июн оғоз гардида, то 3 июл идома меёбад, ки дар он намояндагони Парламентҳо аз 57 кишварҳои узви ин созмон иштирок доранд.