РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири тоҷикистонӣ дар Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки мазкур интихоб гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин интихоб бозгӯи нуфузи афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва талошҳои пайвастаи ҷумҳурӣ дар самти тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш дар Пекин ҷаласаи солонаи Шурои мудирони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ баргузор шуд, ки дар он Султон Раҳимзода — раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки мазкур иштирок намуд.

Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шурои мудирони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ноиби Президенти Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Константин Лимитовский баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрии мазкур, байни ҷонибҳо созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 2,04 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳаи «Сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод» ба имзо расонида шуд.

Инчунин намояндагони Тоҷикистон дар як қатор ҷаласаҳои муҳокимавии маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузорҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла ҷаласаҳо дар мавзӯи «Тарғиби инфрасохтори босифати фаромарзӣ: таҷриба ва сабақҳо аз амалияи ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ» ва «Мизи гирди тиҷоратии мудирон» иштирок ва сухан намуданд.

Маблағгузории Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт равона гардида, ба рушди устувор ва беҳсозии инфрасохтори мамлакат мусоидат менамоянд.

Ба ҳолати 1 майи соли 2025 Бонки мазкур дар Тоҷикистон барои татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 410,5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намудааст. Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли 2024 барои лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 270 миллион доллари амкрикоӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram