РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Баҳрайн баррасӣ шуд

3 июли соли 2025 дар Манома мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн  (қароргоҳ дар Риёз) Акрам Каримӣ бо вазири саноат ва тиҷорати Баҳрайн  Абдуллоҳ Фахру баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Баҳрайн дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту логистика баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар бораи роҳҳои афзоиши гардиши савдо миёни ду кишвар табодули назар карданд.

Дар ин замина,  баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Баҳрайн оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ муҳим дониста шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram