Зимни гузаронидани амалиёти махсуси кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент шаҳрвандон Рустамов Абдуҳалим Баҳромович, соли таваллудаш 1975, (қаблан бо моддаи 249 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст), Олимов Муродқул Орифович, соли таваллудаш 1971 (қаблан бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст) ва Усмонов Пирумқул Умарқулович, соли таваллудаш 1978, зода ва сокинони ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт карда шуда, аз онҳо маводи нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон (24 бастаи селофанӣ) дарёфт ва мусодира гардид.
Муайян гардид, ки Абдураҳим Рустамов аз ҳисоби ҳамдеҳагони худ Муродқул Олимов ва Пирумқул Усмонов гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб созмон дода, маводи нашъадорро дар манзили истиқоматии Пирумқул Усмонов пинҳон намудаанд.
Мувофиқи маслиҳати пешакӣ онҳо мақсад доштанд, ки бо истифода аз торикии шаб маводи мухаддирро аз самти ноҳияи Панҷакент, тавассути убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маводи нашъаовари мусодирашуда 13 кг навъи «героин», 7 кг навъи «афюн» ва 4 кг навъи «ҳашиш» буда, вазни умумиашон 24 килограмро ташкил медиҳад.
Нисбат ба боздоштшудагон бо дастрасии моддаҳои 200, қисми 4 ва 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуд.
Баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, барои қабули қарори қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент Рустамов Абдуҳалим Баҳромович ба муҳлати 16 сол, Олимов Муродқул Орифович ба муҳлати 16 сол ва Усмонов Пирумқул Умарқулович ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Муродқул Олимов қаблан чор маротиба ва ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Абдуҳалим Рустамов як маротиба барои содир кардани ҳамин гуна ҷиноёт ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Онҳо ҳарчанд борҳо пушти панҷара рафта бошанд ҳам, хулосаи лозимӣ набароварда, такроран даст ба ҷиноят задаанд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи марзу буми кишвар рисолати ватандорӣ буда, ҳимояи он на танҳо вазифаи ниҳодҳои қудратӣ, балки ҳар як сокини масъулиятшинос, худогоҳ ва зираку ҳушёри меҳан мебошад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти амният, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор буда, дар ин самт фаъолияти ҷиноятии гурӯҳҳои трансмиллии нашъаҷалоб ошкору пешгирӣ мегардад, аъзоёни ин гурӯҳҳо боздошт ва аз онҳо миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда мешавад. Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ин ҷаҳду талош барои солим нигоҳ доштани генофонди миллат, наҷоти ҳувият ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Паҳнкунандагони маводи мухаддир ҷавононро мубталои дарди нашъамандӣ мекунанд, низоми иқтисоди кишварро заиф месозанд, обрӯву эътибори байналмилалии давлатро халалдор мекунанд.
Ин зуҳуроти маргбор ва номатлуби қочоқбарон хилофи ақли солим ва қонунгузории кишвар мебошад. Барои решакан намудани ин вабои аср мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ҳар як паҳнкунандаи маводи мухаддир муборизаи беамон барем. Чунки омили асосии аз байн бурдани истифодаи маводи мухаддир дар байни ҷавонон пеш аз ҳама дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қонунпазирии онҳо мебошад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон