Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуданд. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

