Назарияҳои зиёде мавҷуданд, ки вазифаҳо, ҳадафҳо, моҳият ва созукорҳо, абзору воситаҳои пиёдасозии сиёсати хориҷиро ба таври гуногун таъриф мекунанд. Аммо як назарияи умумие дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ бештар корбаст мешавад, ки бар асоси он масъулин василаю равишҳои муассири дастёбӣ ба ҳадафҳоро тадорук мекунанд ва фаъолиятҳои хориҷии худро ҳамоҳанг ва барномарезӣ менамоянд.
Барномарезии сиёсати хориҷӣ маънои банақшагирии фаъолиятҳои мушаххас ва чандмарҳалаест, ки дар ояндаҳои наздику дур ба амал хоҳад пайваст. Ин барнома таҳаввулоти муносибатҳои хориҷиро дар тамоми ҷаҳон ё дар минтақае аз дунё ва ҳамкориҳои кишварро бо давлатҳои дигар пешбинӣ мекунад.
Дар миёни ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии ҳар кишвар таъмини амният, талош барои афзун кардани имконоти моддӣ, сиёсӣ, низомӣ, зеҳнӣ ва боло бурдани обрӯю нуфузи кишвар дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳаққи муқаддам доранд.
Амалӣ гаштани ин ҳадафҳо аз сурату сифати ҳамкориҳои хориҷии кишвар ва вазъи байналмилалӣ вобаста мебошад. Дар баробари ин, фаъолиятҳои кишвар дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ бояд бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳо ва хостаҳои кишварҳои дигар ба амал бароварда шаванд.
Вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёдитарин ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, яъне таъмини истиқлолу озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар, тақвияти ҷойгоҳи вижа ва симои ҷаззоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бармеоянд.
Вижагии муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» аст. Ҷавҳари ин сиёсат, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро дар ибтидои солҳои 2000-ум эълом кардаву бар он роҳбарӣ мекунад, ин аст, ки кишвари мо ҳеҷ кишвареро ғайридӯст намешуморад ва омода аст бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон – бар пояи дӯстӣ – ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дошта бошад.
Фароҳам овардани шароити мусоиди берун аз марзҳо барои рушди устувори ҳамаҷонибаи кишвар, беш аз пеш устувор намудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшишҳои пайгирона барои дарёфти роҳу равиши ҳамкориҳои боэътимод бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, тавсеаи пайгиронаи ҳамкориҳои бурунмарзӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию инсонӣ, илмию техникӣ ба манзури расидан ба ҳадафҳои авлавиятноки сиёсати дохилии кишвар, аз ҷумла ҳадафҳои стратегии марбут ба саноатикунонии босуръат, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, вазифаи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иштироки судманд дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, пуштибонии манфиатҳои миллии Тоҷикистон, муаррифии иқдомҳои созандаи кишвар дар ростои ҳадафҳои Оинномаи СММ ва кӯшиш барои касби узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниҳодҳо ва сохторҳои интихобии СММ яке аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор меравад.
Густариши беш аз пеши ҳамкории босамари кишвари мо бо муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО – ба манзури истифода кардани саҳнаи он барои муаррифии дастовардҳои фарҳангию маънавии миллати тоҷик ва ҳифзу эҳёи мероси моддӣ ва ғайримоддии он посухгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.
Боз ҳам фаъол кардани ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ба роҳ мондани муносибатҳои афзалиятноки бисёрҷониба ва дуҷониба бо давлатҳои иштирокчии ИДМ ва СААД аз вазифаҳои муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад. Тоҷикистон ягона давлат дар ИДМ аст, ки наваду нуҳ дарсади тамоми қарордод ва шартномаҳоеро, ки сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳод ба имзо мерасонанд, иҷро мекунад.
Вазифаи дигари сиёсати хориҷии кишвари мо-эҷоди низоми мутавозини шарикии густурдаи стратегӣ бо кишварҳои бузург, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардуми Чин, ва пешбурди ҳамкории гуногунҷанбаи судманду пӯё бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, рушди ҳамкории судовар бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мусоидат ба тавозуни геосиёсӣ дар минтақа, гуногунсозии ҳамкориҳои амиқи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фановарӣ ва дигар равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
Мусоидат намудан ба ҳифзу тақвияти сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, табдили минтақа ба сарзамини амн ва рушди устувор, пуштибонии равандҳои солимгардонии вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон ва табдил додани ин мамлакат ба кишвари амну ободу шукуфо аз дигар вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Роҳбарияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чи дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва чи дар ҳаллу фасли мушкилоти башарият, аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бисёр муҳим мешуморад. Бино бар ин, тақвияти равобит бо ин кишвари бонуфуз аз ҷумлаи вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Вазифаҳои мусоидат ба эҷоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тӯли сарҳади кишвар аз роҳи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор, бо истифода аз созукорҳои (механизмҳои) сиёсию дипломатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, бо шумули иқдомҳои дипломатияи пешгирона, барои ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуд ё эҳтимолӣ дар минтақа саъю талош намудан дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим доранд.
Густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии кишвари мо ба шумор меравад, дорои мақоми муҳиме дар доираи вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ бо ин иттиҳоди бонуфуз ва ниҳодҳои таркибии он, монанди Парлумони Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, барои пешбурди иқтисодии кишвари мо ҳоизи аҳамияти зиёд аст.
Пӯё гардондани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои аврупоӣ, монанди Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Италия, Испания, Белгия, Нидерланд, Австрия, Швейтсария, Чехия, Лаҳистон, кишварҳои соҳили Балтика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷиаш ба ҳисоб меравад.
Эҷоду тавсеаи низоми байналмилалии долонҳои нақлиётию иртиботӣ барои таъмини дастёбии Тоҷикистон ба муҳимтарин масирҳои ҳамлу нақл ва бозорҳои бузурги ҷаҳон, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва фановариҳои пешрафта ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкории густурда бо кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҷануби Шарқӣ, аз ҷумла Япония, Ҷумҳурии Корея, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Ветнам, Сингапур ва кишварҳои дигари минтақа, дар ин росто барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суди зиёде ҳамроҳ мебошад.
Нақши Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчун василаи судманди равобити чандҷонибаи кишварҳои мусулмон, баҳри таъмини сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти мамлакатҳои мусулмоннишин хеле бузург аст. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дар ин созмонро аз вазифаҳои муҳими сиёсати берунии худ мешуморад. Кишвари мо ҳамчунин густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои ҳавзаи ҷаҳони ислом, аз ҷумла бо мамлакатҳои олами араб, бар пояи амалгароии (прагматизми) иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум аз ҷумлаи вазифаҳои сиёсати бурунмарзии худ мешуморад.
Тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ба манзури ҷалби сармоягузории ин кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз вазифаҳои дарозмуддати кишвари мо мебошад.
Вазифаи муҳими дигари сиёсати берунии Тоҷикистон тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои дӯстона, мустаҳкам ва созанда бо кишварҳои Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Покистон, Туркия дар соҳаҳои бунёди инфрасохтори иртиботиву нақлиётӣ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва монанди инҳост.
Таъмини чеҳраи матлуби кишвар ҳамчун шарики боэътимоди сиёсию иқтисодӣ, афзоиши ҷаззобияти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари сармоягузорӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ, ҳифзи мартабаву манзалат, обрӯю эътибори миллати тоҷик яке аз вазифаҳои марказии сиёсии Тоҷикистон мебошад.
Таъмини иштироки фаъол дар кори Созмони умумиҷаҳонии савдо ба манзури ҳимоя, пешбурд ва рақобатпазир кардани иқтисодиёт, густариши раванди ҳамгироии иқтисоди мамлакат бо иқтисоди ҷаҳонӣ, даст ёфтан ба бозорҳои бузурги байналмилалӣ ва, дар маҷмуъ, пиёда сохтани манфиатҳои миллии Ватани мо дар арсаи ҷаҳонии иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Пуштибонии ҳуқуқию фарҳангию маърифатии тоҷикони бурунмарзӣ бо корбасти ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумак ба анҷуманҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳифзи вижагиҳои нажодию фарҳангӣ, аз ҷумла забони модарӣ ва анъанаю суннатҳои миллӣ дар чорчӯби қонунҳои кишварҳои иқоматашон, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Иҷрои муваффақомези ин вазифаҳо на танҳо ба фаъолияти коромади ниҳодҳои марказии сиёсати хориҷии кишвар – Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо, консулгариҳо, намояндагиҳои фарҳангӣ, – инчунин ба ҷаҳду талоши фаъолони миллӣ дар низоми тиҷорати байналмилалӣ ва равобити иқтисодӣ бастагӣ дорад. Ва бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ки то имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳон симои вижаи худ ва обрӯю манзалати хоси хешро пайдо кардааст, итминон дорем, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон беш аз пеш устувортар гардида, аз баракати он иқтисоди кишвар пешрафтатар ва нуфузу эътибори Ватани азиз ва миллати шарофатманди мо афзунтар хоҳад шуд.
Зафар Шералӣ Сайидзода,
мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих